ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе бебориш буда, шабона 10-12 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рўзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 5-10 ва рўзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар ВМКБ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад.
.