Муҳаммадшариф барои Путин аз чӯб танк сохт - Акс, Видео

Техникаи сохтаи ҷавони тоҷик бозичае набуда, қодири ҳаракат аст. Муҳаммадшариф танкро дар вақтҳои фориғ аз кор бо сарфи бештар аз 500 ҳазор рубл сохтаву мехоҳад ба Владимир Путин ҳадя кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Муҳаммадшариф Ҷалилов ҷавони тоҷики муқими Тула бо дастони худ аз чӯб танки Т-34 сохт, хабар медиҳанд расонаҳои Русия. Ба гуфтаи ҷавон, фикри сохтани танкро ба вай дӯсташ пешниҳод кард.

Муҳаммадшариф барои Путин аз чӯб танк сохт - Акс, Видео

Ҷалилов худ дуредгар будаасту танкро ҳангоми вақтҳои холигиаш омода мекард. Ӯ барои сохтани техникаи мазкур бештар аз ним миллион рубл сарф кардааст.

"Барои сохтани танк нақшае накашидам, ҳаммааш дар сарам буд", - мегӯяд вай ва меафзояд, ки танҳо чархи онро аз рӯйи танкҳои дигар сохтааст.

Танк метавонад ҳаракат кунад. Барои ин ҷавон аз амакаш, ки мутахассиси соҳа будааст, кӯмак хостааст. 

Танк калону барҳавост, дар он метавонанд 5 нафар ҷой гиранд.

"Мо танкро ба муносибати дӯстии Тоҷикистону Русия сохтем ва мехоҳем онро ба президенти Русия Владимир Путин ҳадя кунем" - мегӯяд амаки Муҳаммадшариф.

Муҳаммадшариф мехоҳад рӯзи таҷлили иди Ғалаба бо техникаи сохтааст шаҳрро давр занад.