Аҳмадзода ба аёдати куҳансарбозон рафт ва ба онҳo 8,5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дод

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба аёдати ду куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта ба онҳо кӯмакпулиҳои раисҷумҳури кишвар, ҳукумати вилояти Суғд ва мақомоти шаҳри Хуҷандро супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳрулло Саидов ва Малинина Робига рафта, онҳоро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Сайёрабеков: собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон нафақаи хуб мегиранд

Раиси вилоятро муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд.

“Ба иштирокчиёни ҶБВ кӯмакпулии якдафъаинаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми панҷ ҳазор сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ арзи сипос намуданд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки имрӯзҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар саросари вилоят чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла аёдати иштирокчиёну маъюбони ҶБВ идома дорад.