Ширкати “Айгак” ва фаъолони Шимкент дар меҳмонии шаҳри Хуҷанд. Навори филм дар назар аст

Меҳмонон аз мавзеъҳои таърихии бостоншаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии “Панҷшанбе”, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ”, роҳи танобӣ ва киштии рамзии “Темурмалик”  боздид менамоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Давоми ду рӯз аст, ки ҳайати эҷодии Ширкати телевизион ва радиои “Айгак” ва гурӯҳи фаъолони шаҳри Шимкент ва вилояти Туркистони Қазоқистон дар меҳмонии шаҳри Хуҷанд қарор доранд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”. 

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бозор рафт ва нархи гӯштро 2 сомонӣ арзон кард

Манбаъ афзудааст, ки дирӯз меҳмононро дар даромадгоҳи шарқии шаҳр- мавзеи гардишгоҳи Ором муовинони раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо маданияти хоси меҳмондории тоҷикона, яъне бо нону асал пешвоз гирифтанд.

Нахуст меҳмонони қазоқистонӣ аз мавзеъҳои таърихии Хуҷанд, чун  Қасри фарҳангии Арбоб ва маҷмааи Истиқлолият боздид намуда, сипас ба маҳаллаи Шимкенти Хуҷандшаҳр, ки ба ифтихори 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва чун рамзи эҳтиром ба бародаршаҳрии Хуҷанд- шаҳри Шимкент номгузорӣ шудааст, рафта, бо вазъи зиндагии мардуми он шинос шуданд.

Ширкати телевизион ва радиои “Айгак”-и Қазоқистон ба шаҳри Хуҷанд меоянд

Сипас меҳмононро дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ҳузур пазируфт. Аз ҷумла, дар аснои мулоқот шаҳрдори Хуҷанд аз раванди сатҳи олии муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон ибрози андеша намуданд. Инчунин доир ба таърихи имрӯзаю гузаштаи шаҳр, рушди соҳаи саноату ҳунармандӣ, ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳамкории дуҷонибаи бародаршаҳрҳо маълумот дод.

Дар навбати худ роҳбари ҳайати меҳмонон, директори генералии ШТР “Айгак”, вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Туркистон, роҳбари ҷамъияти қазоқони вилояти Туркистони Абиш Дулатбек аз қабули расмии шаҳрдори Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.

Эълони Вазорати фарҳанг дар бораи баргузории ҷашнвораи "Парсту" дар Тоҷикистон

Мавсуф зикр дошт, ки “соли равон барои шаҳрвандони бародаршаҳри Хуҷанд — Шимкент соли таърихӣ буда, шумораи аҳолии он ба 1 миллион нафар расид. Инчунин дар Шимкент кӯчае ҳаст бо номи Хуҷанд ва мо мефахрем, ки яке аз маҳаллаҳои тозабунёди шаҳри Хуҷанд низ номи Шимкентро гирифтааст”.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандӣ ва омодагии худро баҳри татбиқи санадҳои муҳими байни Тоҷикистон ва Қазоқистон имзошуда иброз дошта, ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ғизо, рақс ва филм: шоми мусиқии фаронсавӣ дар Душанбе

Бояд гуфт, ки гурӯҳи калони наворбардорони Ширкати телевизион ва радиои «Айгак»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи сафари худ, ки аз 6 то 8 майи соли равон сурат мегирад, инчунин аз мавзеъҳои дигари таърихии бостоншаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Суғд, бозори марказии «Панҷшанбе», Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», роҳи танобӣ ва киштии рамзии «Темурмалик» ва чанде дигар иншоот боздид менамоянд.

Ҳамзамон дар назар аст, ки онҳо дар доираи ин сафар доир ба таъриху фарҳанг, меҳмоннавозии сокинони  ин диёри куҳан, пешбурд ва имкониятҳои соҳаҳои иқтисодиву сайёҳии ин минтақаи шимоли Тоҷикистон филми мустанад омода намоянд.