Русия тилло мехарад, Узбакистон мефурӯшад, Тоҷикистон чӣ?

Дар се моҳи аввали соли 2019 Узбакистон дар ҷаҳон аз рӯи фурӯши тилло дар мақоми аввал қарор гирифту Русия аз рӯи хариди он
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Тоҷикистон дар ин муддат як тонна тилло фурӯхта, дар ҷаҳон аз рӯи фурӯши тилло сеюм шуд.

Тибқи гузориши World Gold Council Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, як миллион тонна тилло савдо кардааст.

Дар ҷои аввал Узбакистон қарор гирифтааст. Ҳамсоякишвар дар муддати се моҳи аввали сои равон 6,2 тонна тилло фурӯхтааст. Мақоми дуюмро Муғулистон бо фурӯхтани 3,4 тонна тилло аз худ кардааст.

Тоҷикистон аз ширкати чинӣ хостори афзоиши тавлиди тилло шудааст

Дар навбати худ, Русия - бузургтарин кишвари харидори тилло унвон шуд. Аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ Бонки марказии Русия 55,3 тона тилло харидааст.

Бо чунин суръати тиллохарӣ Русия мехоҳад вобастагӣ аз долларро коҳиш диҳад.

Аз рӯи хариди тилло, мақоми дувумро Туркия (40 тона) ва севумро Чин (33 тона) ишғол карданд. 

Вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикстон аз ширкати муштараки ин кишвар бо Чин, ки дар маъдани тиллои Покруд машғул ба кор аст, хост барои афзоиши тавлиди ин маҳсул иқдом кунад.

Ширкати мазкур соли 2017 нахустин шимши тиллоро тавлид кард ва то ба ҳол дар ин замина беш аз 250 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ин маъдан ба таври мустақим ва ғайримустақим беш аз як ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон машғул ба коранд.

Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба "Покруд" то соли 2030 иҷозатномаи истихроҷи тилло ва нуқра дар ин маъданро дар ихтиёр дорад.