Нигаронии Расулзода аз кунд будани раванди бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар

Нахуствазири Тоҷикистон аз кунд будани раванди бозсозии масири Душанбе-Бохтар ибрози нигаронӣ кард.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй" дар истинод ба Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода пас аз ошноӣ бо раванди бозсозии масири байни пойтахти ин кишвар бо шаҳри Бохтар маркази вилояти Хатлон гуфт, бо суръати феълӣ кор наметавон интизор дошт, ки то соли 2023 ин тарҳ такмил шавад.

Масъулони ширкати чинии Син Киёнг Бойсин барандаи тарҳи бозсозии роҳи Душнанбе-Бохтар далили ақиб афтодан аз ҷадвали замонии таъиншуда барои такмили ин ҷодаро мусоид набудани шароити иқлимӣ ва куҳистонӣ будани масир унвон кардаанд.

Вазорати нақлиёт: шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва чанд роҳи дигар пулакӣ мешавад

Бар асоси тарҳи таъид шуда бояд арзи роҳи Душанабе-Бохтар аз 16 то 27 метр ёбад, ки дар ҳоли ҳозир 12 метр аст.

Барои бозсозии ин масир, ки 82 километр тул дорад ва бояд дар ду марҳила анҷом шавад наздик ба 114 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт.

Дар ҳоли ҳозир аз ин мизон сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 38 миллион доллар кори бозсозӣ анҷом шудааст.

Дар ин марҳилаҳо, сохти ду пули иртиботӣ бар руи рӯдхонаҳои Кофарниҳон ва Вахш мадди назар аст. Ҳамчунин насби панелҳои барқие, ки бо истифода аз нури хуршед рушаноии ин роҳро дар шабҳо таъмин хоҳад кард, барномарезӣ шудааст.