Мақомоти шаҳри Хуҷанд мушкилоти гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдаконро баррасӣ кард

Ахиран дар бинои мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷаласаи комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдак баргузор шуд, ки дар он наздик ба 20 масъала муҳокима шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд ахиран дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бозор рафт ва нархи гӯштро 2 сомонӣ арзон кард

Тибқи иттилои манбаъ, аъзои комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии худ 20 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.

“Аз ҷумла, масоили шаҳрвандонро доир ба тарбият гирифтани ноболиғон, таъин намудани васӣ, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон шаҳри Хуҷанд, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд, ивази ном ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки аъзои комиссия доир ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти шаҳри Хуҷанд баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.