Ҷавод Зариф: ҷанг бо Эрон барои ИМА баробари худкушист

Вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки Эрон ҳич гоҳ хостори ҷанг бо касе набудааст, вале дар сурати зарур худро ҳимоят хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Теҳрон намехоҳад бо Вашингтон ба ҷанг хезад, вале дар сурати ҳамлаи ИМА ба Эрон аз худ ҳимоят мекунад, изҳор дошт ба РИА Новости, вазири умури хориҷаи Эрон, Муҳаммад Ҷавод Зариф.

"Ба назарам, онҳое, ки соли 2003 ҷангри миёни ИМА ва Ироқ барангехта буданд, мехоҳанд ҷанги дигареро бо Эрон барангезанд. Ин барои худашон-худкушист. Баъзе аз мақомдорони раёсати Доналд Трамп барои оғози чунин ҷанг кӯшиш доранд, ки барояшон бо худкушӣ анҷом хоҳад ёфт",-гуфт Зариф.

"Эрон ҳич гоҳ намехост бо касе биҷангад ва намехоҳад. Вале дар сурати ҳамлаи ИМА мо кишвари худро бо тамомми қувва ҳимоя хоҳем кард",-гуфт вазир дар посух ба суол дар бораи эҳтимоли ҷанги миёни ИМА ва Эрон.

Мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ, Ҷон Болтон пештар хабар дод, ки ИМА ба соҳилҳои Эрон ҷангандаи "Авраам Линколн"-ро мефиристад. Бо ин амалаш ИМА мехоҳад ба Эрон ҳушдор диҳад, ки ҳамагуна амали хилофи манфиатҳои ИМА ва шариконаш бо ҳамла пахш хоҳад шуд".