Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд қарори навро ба тасвиб расонд

Рӯзи 15 майи соли равон дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд санаи 15 май дар вилоят Рӯзи байналмилаии оила таҷлил карда мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 704 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ташкили семинар-машваратҳои минтақавӣ таҳти унвони “Оилаи солим – ҷомеаи устувор”, суҳбату вохӯриҳо бо оилаҳои намунавӣ ва соҳибтаҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ миёнаи касбӣ ва умумӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо баргузор мегардад.

Инчунин, дар ин рӯз, гузаронидани озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Оилаи мо беҳтарин”, чорабинии вилоятии “Беҳтарин оилаи намунавӣ, эҷодкор ва ҳунарманд” ва дигар чорабиниҳои дигар дар назар дошта шудааст.