Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

Дар пайи фуруди изтирории ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметово 41 нафар ба ҳалокат расиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ карданд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.

Дар феҳрасти ҳалокшудагон, ки расонаҳои Русия нашр намудаанд, номгузориҳои хоси тоҷикон, аз ҷумла Қурбонбекзада Фатҳуддини Мирзобек ва Наврӯз Искандаров ҷой доранд, аммо расман то ҳол дар бораи атбо, ё зодагони Тоҷикистон миёни қурбониёни ин садама иттилое ироа нашудааст.

Қурбонбекзода, қурбонии фоҷиаи Шереметово ҷавони тоҷикистонӣ будааст

Ба иттилои хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия – “МЧС” хабар додаанд, ки миёни қурбониёни фуруди изтирории ҳавопаймо дар Шереметово шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Манбаъ афзуд, ки феълан корҳо барои таҳқиқи ҷузъиёт идома доранд, намояндагони сафорат бо мақомоти Русия дар иртиботанд ва дар сурати пайдо шудани иттилои ҷадид онро ироа хоҳанд кард.

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Путин ва наздикони ҳалокшудагон дар Шереметово

Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.  

Дар пайи ин фоҷиа дар вилояти Мурманск се рӯз мотам эълон шудааст.