ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия Қурбонбекзода дорои шаҳрвандии Русия буда, ҳамагӣ 28 сол доштааст.
Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз қавли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия – “МЧС” хабар дода буд, ки миёни қурбониёни фуруди изтирории ҳавопаймо дар Шереметово шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Аммо дар пайи таҳқиқ муайян шудааст, Қурбонбекзода, ки шаҳрвандии Русияро доштааст, зодаи Тоҷикистон будааст.
Масъулини намояндагии Тоҷикистон мегӯянд, феълан корҳо барои таҳқиқи ҷузъиёт идома доранд, намояндагони сафорат бо мақомоти Русия дар иртиботанд ва дар сурати пайдо шудани иттилои ҷадид онро ироа хоҳанд кард.
То ҳол мақомоти тафтишотии Русия ҳалокати 41 нафарро дар пайи фуруди изтирории “Sukhoi Superjet 100” дар фурудгоҳи Шереметево тасдиқ намудаанд. Ба иттилои РИА Новости аз 78 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштаанд, 37 нафар, аз ҷумла 33 мусофиру 4 узви ҳайати халабонҳо наҷот ёфтаанд.
Сарусадо дар бораи эҳтимоли миёни қурбониёни ин фоҷеа ҷой доштани тоҷикистониён баъди нашри рӯйхати ҳалокшудагон пайдо шуд. Дар феҳрасти ҳалокшудагон, ки расонаҳои Русия нашр намудаанд, номгузориҳои хоси тоҷикон, аз ҷумла Қурбонбекзода Фатҳуддини Мирзобек ва Наврӯз Искандаров ҷой доранд.
Ҳавопаймои “Sukhoi Superjet 100” шоми 5 май аз Маскав сӯи Мурманск баланд шуд, аммо баъди 28 дақиқаи парвоз ба Шереметево баргашт. Ҳайати халабонҳо изҳор доштаанд, ки дар пайи зарбаи раъду барқ дастгоҳҳои электронии ҳавопаймо корношоям шуда, онҳо водор ба бозгашти изтирорӣ ба Маскав шудаанд. Зимни нишасти изтирорӣ ва бархӯрд ба замин дастгоҳи чархаи ҳавопаймо шикаста, қисмати қафои ҳавопаймо аз соиш бо замин оташ гирифтаст.
Дар пайи ин фоҷеа дар вилояти Мурманск се рӯзи мотам эълон шудааст.