Бархӯрди маргбор дар деҳаи Сешанбе ду куштаю 4 маҷруҳ барҷой гузошт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз бархӯрди маргбори “Ниссан” ва “Хундай” дар деҳаи Сешанбеи шаҳри Турсунзода хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Саломиддин Исоев, ронандаи 34-солаи “Ниссан”, ки мусофиронаш занҳо аз ноҳияи Балҷувон будаанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини “Хундай” таҳти идораи Хайрулло Бердиев, сокини 36-солаи шаҳри Турсунзода бархӯрдааст.

Қурбонбекзода ва Искандаров Наврӯз: нашри рӯйхати ҳалокшудагон дар Шереметово - видео

“Рӯзи 4-уми майи соли 2019, тахминан соатҳои 15:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-CEFIRO”, Исоев Саломиддин Саидович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Сешанбе аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда Бердиев Хайрулло Нуралиевич, соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Уро-Ури шаҳри Турсунзода, бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи бархӯрд, ронандаи “Хундай” Бердиев ва мусофири “Ниссан” Гадоева Зулхумор Наврӯзовна, сокини 45-солаи ноҳияи Балҷувон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Расонаҳо: Муфтӣ Узбек дар Афғонистон кушта шуд

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан- CEFIRO” Исоев ва мусофиронаш - Заробова Идимоҳ Нуруллоевна, соли таваллудаш 1972, Тураева Авриямоҳ Аламовна, соли таваллудаш 1965 ва Ҷалолова Раҷабгул Амриддиновна, соли таваллудаш 1994, сокинони ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”, - иттилоъ дод ВУД.

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.