ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 20-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.