Пешгирии гароншавии нархҳо дар Рамазон: ташкили ярмаркаҳои арзон бо қарори Рустам Эмомалӣ

Дар чор гӯшаи Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти ниёзи аввал ташкил карда шудааст. Арзиши маҳсулот дар онҳо нисбат ба бозор арзон буда, намоишгоҳ давоми як моҳ - моҳи Рамазон баргузор хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Дар чор гӯшаи шаҳри Душанбе намоишгоҳҳои маҳсулоти ниёзи аввал ташкил гардид.

Намоишгоҳ аз имрӯз сар карда, то охири моҳи Рамазон баргузор хоҳад шуд.  Ярмарка бо як қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ташкил шудааст.

Мақсад аз он, пешгирии гароншавии маҳсулот дар Рамазон ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум гуфта мешавад.

Арзиши маҳсулот дар намоишгоҳ нисбат ба бозор ба маротиб арзон буда, нархи як халта орди 50 килоӣ -160 сомонӣ, як кило гӯшт - 40 сомонӣ, равғани растании 4,5- литра - 50 сомонӣ, килои биринҷ - 8 сомонӣ, шакар - 6 сомонӣ, макарон - 5 сомонӣ, сабзӣ - 2,30 сомонӣ, картошка - 2,60 сомонӣ ва пиёз - 2,20 сомониро ташкил медиҳад.

Иқдоми нек дар арафаи Рамазон: дар Мастчоҳ ба ниёзмандон ройгон ғизо медиҳанд

Намоишгоҳ дар бозори "Меҳргон", дар буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзода, дар назди Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, майдони назди бозори "Қаряи боло", бозори "Саховат", ва "Бозори деҳқон" фаъолият мекунад.

Маҳсулотро ба ярмарка "Тоҷикматлубот" ва Агентии двлатии захираҳои моддӣ дастрас мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки пештар сокинон аз гарон шудани арзиши маҳсулот дар арафаи моҳи Рамазон шикоят карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, фурӯшандаҳо нархи як кило гӯштро дар бозорҳо то 50-52 сомонӣ баланд кардаанд.

Пештар роҳбарияти ВКД Тоҷикистон низ як намоишгоҳ баргузор карда, дар он барои ниёзмандону кормандонаш сабзавотро ройгон ва гӯштро 50-сомонӣ дода буд.