Милисаҳо дар арафаи Рамазон картошкаву пиёзро ройгон ва гӯштро 20-сомонӣ гирифтанд

Роҳбарияти ВКД Тоҷикистон дар арафаи оғози Рамазон барои кормандонаш намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки бахшида ба оғози моҳи Рамазон ташкил гардид, бархе аз маҳсулотро ройгон ва бархеро бо нархи арзон дастрас намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, намоишгоҳ имрӯз, 04 май бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Афзоиши тавлиди гӯшт дар Тоҷикистон

"Дар ярмарка хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ аз вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ, маҳсулоти тару тозаи ҷамъоваригардидаро аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, ҳар навъи кабудӣ, карам, инчунин гушт, орду равған ва дигар маҳсулотҳоро пешкаши харидорон намуданд", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти ВКД ба ниёзмандону кормандон картошка, пиёз, сабзӣ ройгон тақсим карда шуд ва дигар маҳсулотҳо аз 40 то 50 фоиз арзон аз нархи бозор аз ҷумла, як килограм гушт 20 сомонӣ, 2 кило равған 15 сомонӣ, як қуттӣ тухм 15 сомонӣ, як халта орд 120 сомонӣ пешкаши харидорон карда шуд.

Ёдрас мешавем, пештар низ дар арафаи иду ҷашнҳо вазорат чунин намоишгоҳҳоро ташкил карда буд.