Ғанӣ гуфт, ҳукуматаш барои оштӣ бо толибон омода аст - бо кадом шарт?

Ҳукумати Афғонистон бо "Толибон" оштӣ хоҳанд кард, агар ҳаракат ҳам иқдоми вижа нишон диҳад ва аз омодагиаш хабар расонад, мегӯяд президент Ашраф Ғанӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар барои оштӣ бо ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ да Тоҷикистон ва Русия) омода аст. Дар ин бора телевизиони Тулӯ нюс хабар додааст.

Аммо, президент афзудааст, ки барои ин, толибон бояд барои тавофуқи баҳс иқдомҳои вижаро пеш гиранд.

Як шаҳристони шимолии Афғонистон зери тасарруфи Толибон даромад

Ғанӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати кишвараш омода аст, тамоми тавсияҳои қарордоди Лойи Ҷиргӣ иҷро кунад.

Имрӯз, рӯзи ҷумъа дар Афғонистон  рӯзи севуми иҷлосияи умумимиллии намояндагони мардумии Афғонистон ба анҷом расид.

Пас аз гуфтушундҳо қарордоде ба имзо расид, ки афғонҳо дар истиқрори сулҳ дар кишвар муттаҳид гаштаанд. Намоядгон аз ҳукумати ҷумҳурӣ хстаанд, ки аз аввалин рӯзи Рамазон ба мухолифин дасти оштӣ дароз кунанд.

Ёдрас мешавем, дар Афғонистон мухолифати қувваҳои ҳукуматӣ бо толибон идома дорад. Пештар террористон қисмати бузурги минтақаҳои атрофро ғасб карда, ба минтақаҳои марказӣ ҳамла карданд.