То 30 дараҷа гармӣ ва борони кӯтоҳмуддат: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат  меборад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.  Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 11-16  ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  10-15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  ва   рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду  барқ ба амал меояд. Дар  баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 22-27  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 7-9 ва рӯзона 24-26  дараҷа гарм мешавад.