Мақомоти тоҷик занонро низ аз Ироқ бармегардонанд

Тоҷикистон аз мақомоти Ироқ барои мусоидат дар баргардонидани кӯдакони тоҷик миннатдор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад занони тоҷикро аз Ироқ ба Ватан баргардонад. Ин мавзӯъ  дар мулоқоти ҳайъати кишвар бо намояндагони Ироқ баррасӣ гардидааст.

Тавре Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, 2 майи соли равон мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода бо ҳайатҳои ширкатҳои "Равзатайн" ва "Дарвозаи адолат"-и Ҷумҳурии Ироқ, ки дар баргардонидани 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан саҳм доранд ва зимни интиқол то Душанбе онҳороҳамроҳӣ намуданд, баргузор гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи мулоқот бо ҳайатҳои ширкатҳои "Равзатайн" ва "Дарвозаи адолат"-и Ҷумҳурии Ироқ, барои мусоидати он ҷониб дар баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи тоҷик миннатдорӣ баён шуд.

Сипоси Ҳукумат барои баргардондани 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ

Зимни вохӯрӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи гардишгарӣ, ҷалби сайёҳони Ироқ ба Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамкории минбаъда ҷиҳати ба Ватан баргардонидани занони тоҷик, ки дар Ҷумҳурии Ироқ қарор доранд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ёдрас мешавем, муайян карда шуд, ки дар маҳбасу марказҳои нигоҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

30 апрел 84  кӯдак тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.