Мақомоти Тоҷикистон дархости Русия барои баргузории “Полки абадӣ”-ро баррасӣ дорад

Мақомоти Тоҷикистон дархости баргузории рӯзи 9 май дар Боғи ғалабаи пойтахт “Полки абадӣ”-ро баррасӣ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мая – Sputnik. Сафорати Русия дар якҷоягӣ бо намояндагии “Россотрудничество” барои дар рӯзи 9 май гузаронидани “Полки абадӣ” ба Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дархост равон карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти “Россотрудничество”.

“Ҳоло дархост дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар Петербург гузари "Полки абадӣ" бо аксҳои куҳансарбозон баргузор шуд

Тӯли чанд сол аст, ки намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон маъракаи тақсими лентаҳои георгиро мегузаронад.

Ҳар нафаре, ки хоҳад метавонад комилан ройгон лентаҳои георгиро аз Марказҳои илмии ва фарҳангии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дарёфт намояд.

Роҳпаймоии “Полки абадӣ” дар Русия ва дигар кишварҳо тибқи анъана рӯзи 9 май баргузор мешавад.

“Полки абадӣ” як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта роҳпаймоии “Полки абадӣ”, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд беш аз 600 нафар иштирок карда буд.

Новобаста аз он, ки роҳпаймоӣ бо мақомоти Тоҷикистон мувофиқа нашуда буд, иттиҳодияи собиқадорон ва ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон ба монанди соли 2017 роҳпаймоиро баргузор намуданд.