ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. ВУД мегӯяд, бо иттиҳоми ҳамла ба бонки “Эсхата” марди 22-сола, сокини ноҳияи Хуросон боздошт гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҷавони муттаҳам, 30-юми апрели соли 2019, тахминан соати 07:55-дақиқа, бо ниқоб ва корду ашёи монанд ба силоҳ мусаллаҳ гардида, ба маркази хизматрасонии ҶСК бонки “Эсхата”, воқеъ дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ ворид шудааст.
“Ӯ бо таҳдид ба марди 27-сола, амалиётгар-нозири маркази хизматрасонии ҶСК бонки “Эсхата” ва зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия, сардори маркази хизматрасонии мазкур, 45 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазору 250 доллари амрикоиро тасарруф намудааст”, - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ афзуд, вақте ҳамлагар бо гирифтани маблағ хостааст, аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, кормандони бонки мазкур муқобилият нишон дода, ӯро дастгир кардаанд.
ВУД мегӯяд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дошта, ҷавони 22-сола бо иттиҳоми роҳзанӣ дар боздошт қарор дорад.