Супориш ба Одиназода: нархбардориҳо бо президент ва намояндаҳои мардум мувофиқа шаванд

Мақомдорони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон муваззаф шуданд, минбаъд зимни нархбардориҳо тасмимашонро бо раисиҷумҳур асоснок кунанду вакилони мардумиро низ огоҳ намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни ҷаласаи ахир дар масъалаи хироҷбандии зоирин ва сайёҳон,  вазирону вакилонро суолборон карда, аз нархбардорӣ бидуни назардошти ҳамаи ҷанбаҳо интиқод намуд.

Ҳукумат нархро бозбинӣ кунад: ҳушдори вакил аз “зуқ-зуқ”-и мардум дар арафаи 2 интихобот

Зуҳуров дар хитоб ба Одиназода Назар Санг, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумат тасмими ахири боло бурдани нархи интернетро хотиррасон карда, аз пайомадҳои он ҳушдор дод.

“Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки масъалаҳои қимат кардани нархи обу барқ, интернет ва хизматрасониҳои дигар ҷанбаи иҷтимоӣ доранд, масъалаҳоеанд, ки ба даромад бевосита дахл мекунанд. Биноан, метавонанд мушкилот ба миён оранд. Моро мебояд поямонро мувофиқи кӯрпаамон дароз кунем. Ана ҳамон қароре, ки дар масъалаи нархи интернет қабул кардед ва он дар ҷумҳурӣ боиси гапу калочаи зиёд гардид, бояд бо раиси Ҳукумат мувофиқа мекардед, онро асоснок менамудед”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, бубинед, сокинони наздисарҳадии мамлакат аз Узбакистону Қирғизистон ва Афғонистон даста-даста симкартаҳоро дастрас намуда, ба ширкатҳои мобилии он кишварҳо пайваст шуданӣ буданд.

“Ин барои мо чӣ фоида меовард?”, - суол гузошт Зуҳуров ва таъкид намуд, ки хароҷот аз ҷайби мардум ва  пардохтҳои иҷтимоӣ бояд ҳатман асоснок карда шаванд.

Дастури Раҳмон дар бораи бекор кардани қарори Интернет ва амр ба муҷозоти масъулин

Раиси Маҷлиси намояндагон, зарур хонд, ки вакилони парлумон низ аз иқдоме, ки Хадамоти зиддинҳисорӣ пиёда карданӣ аст, бояд воқиф гардонида шаванд.

“Барояшон маълумот пешниҳод карда шавад, ки бинобар кадом сабабу омилҳо онҳо нархномаву тарофаҳои хизматрасонӣ ва мисли онро боло бурданианд, зеро вакилони мардумӣ хубтар воқифанд, ки мардум ин тағйиротро таҳмил карда метавонад ё не”, - изҳор дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Ин интиқод дар ҳолест, ки ахиран бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории кишвар барои боло бурдани нархи интернет бекор карда шуд. Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дода буд, ки дастандаркорони ин тасмими ҳазмношуда муҷозот хоҳанд шуд, аммо то ҳол мушахассан аз ҷавобгарии масъуле барои ин иқдом иттилоъ дода нашудааст.