ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Ёвон зани 36-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ алайҳи собиқ ҳамсараш шикоят кардааст.
Зан арз доштааст, ки 30-юми апрели соли 2019, тахминан соати 11:00, собиқ шавҳараш, марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо корд ба ӯ ҳамла карда, 2-3 зарба задааст.
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ҷабрдида далели кордкашии собиқ ҳамсарашро хусумати шахсӣ гуфтааст. ВУД мегӯяд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.