Сиёсати хориҷии Си Ҷинпинро дар Тоҷикистон меомӯзанд

Китоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналист ва публисист, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik.  Дар нашриёти «Контраст» маҷмӯаи суханрониҳои раҳбари Чин Си Ҷинпин дар мавзӯъи масоили муҳими сиёсати хориҷӣ бо забони тоҷикӣ ба нашр расид.

Ба иттилои АМИТ Ховар, дар ин маҷмӯа суханрониҳо ва маърӯзаҳои интихобии раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар мавзӯи асосҳои барномавии сиёсати хориҷии ин давлат, масоили татбиқи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва бунёди ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият гирдоварӣ шудаанд.

Раҳмону Ҷинпин фурӯши мева, таъсиси Фонд, маодин ва террору ҷудоихоҳиро баррасӣ карданд

Суханрониҳо ва маърӯзаҳои мазкур давраи аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи майи соли 2017-ро фаро мегиранд.

Маҷмӯаи ранга аз се қисм ва 156 саҳифа иборат аст.

Китоби Си Ҷинпинро аз забони русӣ ба тоҷикӣ журналист ва публисист, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ тарҷума карда, таҳиягар ва муҳаррири масъули он доктори илмҳои таърих, мушовири калон, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода мебошад.

Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

Бояд гуфт, ки ин нахустин нашри китоби президенти Чин дар кишвари мо бо забони тоҷикӣ аст.