Фурӯши маҳсулоти арзон дар арафаи моҳи Рамазон дар “Кохи Борбад” баргузор мегардад

Тавре Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст дар намоиш ва фурӯҳи маҳсулот дар “Кохи Борбад” зиёда аз 30 корхонаи истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, рӯзҳои 1, 2, 3, 4 майи соли равон дар МД “Кохи Борбад” дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” намоиш-фурӯши маҳсулоти зиёда аз 30 корхонаи  истеҳсолӣ ва ширкатҳои хизматрасону савдо аз шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Бо ҳидояти Раҳмон ва дастури Аҳмадзода: 30% арзонӣ дар остонаи Рамазон дар Суғд

Тибқи ттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони вазорату  идораҳои  давлатӣ,  корхонаҳои истеҳсолӣ ва ширкатҳо иштирок хоҳанд намуд.

“Дар намоишгоҳ корхонаҳои сохтмонӣ, шабакаҳои нуқтаҳои алоқа, савдо, муассисаҳои хизматгузор ва истеҳсолкунандагони  маҳсулоти хӯрокӣ намунаи дастовардҳои хешро ба намоиш мегузоранд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст нафароне, ки аз  намоишгоҳ-фурӯши мазкур боздид менамоянд, имконият пайдо мекунанд маҳсулоти писандидаашро интихоб ва дар арафаи моҳи шарифи Рамазон онро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.