Фурудгоҳи Душанбе: дар се моҳ 70 ҳодисаи ба таъхир афтодани парвозҳо ба қайд гирифта шуд

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе сабаби ба таъхир афтодани парвозҳоро ба дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз рабт додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 70 ҳодисаи ба таъхир афтодани парвозҳо ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, ба таъхир афтодани парвозҳо ба сабаби дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз будааст. Фурудгоҳи дар семоҳаи соли равон чунин ҳолатро  43 маротиба ба қайд гирифтааст.

Парвози “Сомон Эйр” аз шаҳри Санкт-Петербург 13 соат ба таъхир афтод

Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) вобаста будааст.

Масъулини фурудгоҳи байналмилалӣ қайд намуданд, ки дар ин давра фурудгоҳ ба 334,2 ҳазор нафар мусофирон хизмат расонидааст. Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 449 тоннаро ташкил додааст. Аз миқдори умумии борҳои содиршуда 3,4 тоннаро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил додааст.

Айни ҳол аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳрҳои Русия, инчунин ба Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо ба амал оварда мешаванд.

Инчунин ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе 12 ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, ки 4-тои онҳо ширкатҳи давлатҳои хориҷи дур (Туркия, АМА, Чин, Эрон), 7 ширкати кишварҳои ИДМ ва ширкати миллӣ – “Сомон Эйр” мебошанд.