Боздошти вазири иқтисоди Доғистон: ӯ дуздӣ кардааст

Пулис вазири рушди иқтисоди Доғистонро дастгир кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисоди Доғистон Усмон Хасбулатов боздошт шуд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии ВУД Русия Ирина Волк хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки вазир ба ҷурми аз худ кардани беш аз 20 миллион рубл, ки барои таҷҳизонидани марказҳои бисёрсоҳавии Доғистон ҷудо шудаанд, айбдор мешавад.

Хасбулатов аз соли 2018 вазири иқтисоди Доғистон мебошад. Дар ин вазифа ӯ  Райиддин Юсуфовро, ки барои аз худ кардани миқдори калони буҷаи давлат гунаҳкор шуд, иваз кард.

Санҷиши пай дар пай дар ҳукумати Доғистон пас аз таъйини раҳбари нави ин минтақа Владимир Василев оғоз шуд. Дар яке аз маҷлисҳояш Василев аз фаъолияти кормандони ҳукумат, шадидан интиқод кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми таъйини Василев, Владимир Путин ӯро сиёсатмадори ботаҷриба номид. Раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ кард, ки дар ин симат сиёсатмадор метавонад хусусиятҳои беҳтарини худро ба кор барад.