Худиро эҳтиёт кунед: ситоиши Юлдуз аз сархамии Шабнам ва насиҳат ба тоҷикистониён - видео

Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи узбакистонӣ зимни консерташ дар шаҳри Душанбе ҳампешаи тоҷикистонияш Шабнами Сурайёро ба саҳна хонда, ба ӯ изҳори муҳаббат намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Усмонова зимни даъвати Шабнам ба саҳна гуфт, ин духтар чеҳраи халқи тоҷик мебошад.

“Шабнамҷон, ин ҷо биё. Ман ин зан, духтарро бисёр дӯст медорам, ин чеҳраи халқи Тоҷикистон аст. Ман ҳамеша мегӯям, ки худиҳоро эҳтиёт кунед”, - изҳор дошт Усмонова.

Шабнами Сурайё аз Усмонова устод ва маликаи санъат ном бурда, гуфт бо ӯ ифтихор дораду миннатдор аст.    

“Пеши ҳамаи шумо ва Устоди санъат сари таъзим фуруд меорам. Аз шодӣ намедонам, чӣ гӯям. Апаи Юлдузҷон, хуш омадед! Тоҷикистон шуморо дӯст медорад”, - изҳор дошт Шабнам ва таъзим намуд.

Дар посух Юлдуз Усмонова гуфт, мехоҳам як чизро махсусан қайд кунам.

“Вақте инсон меҷаҳад чун хурӯс, ба чизе ноил намешавад”, - изҳор дошт Юлдуз ва ояндаи Шабнами Сурайёро пешгӯӣ кард. Ӯ аз сархамию хоксории Шабнами Сурайё тавсиф карда, афзуд, “ин хислатҳоятро аз даст надеҳ ва бовар кун ин мардум туро ба дуриҳои дур мерасонад”.

Ҳунарманди мардумии Узбакистон Юлдуз Усмонова бо сафари ҳунарӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунад.