Заминларза дар марзи Чину Тоҷикистон

Заминларзаи 5,2-баллӣ дар навоҳии наздимарзии Чин бо Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Заминларза, ки иқтидораш дар марказ 5,2 балро ташкил додааст, соати тақрибан 5:20 бо вақти Тоҷикистон сабт шудааст, иттилоъ додааст шабакаи сейсмологии расадхонаи Ҳонг Конг.

Обуҳавошиносон барфу борон ва меғро пешгӯӣ карданд

Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 190 километрии шаҳри Қошғар ҷойгир мебошад.

Феълан дар бораи хисорот аз ин заминларза иттилое пешниҳод нагардидааст.

Қаблан Маркази заминларзашиносии Қазоқистон иттилоъ дод, ки 16 апрел дар ҳудуди Тоҷикистон заминларзаи 4,3 баллӣ ба қайд гирифта шуд. Бино бар иттилои манбаъ, маркази заминларза дар чуқурии 35 километр дар 728-километрии ҷануби ғарбии Алмаато ҷойгир буд.

Аз ин пештар заминҷунбии нисбатан сахт 31 март дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд, ки қувваи он 4,3 баллро ташкил дод.