Обуҳавошиносон барфу борон ва меғро пешгӯӣ карданд

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва боридани борон дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

IRS: роҳи Душанбе – Чаноқ кушода шуд - акс

Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазору 500 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонс.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Танҳо дар охири рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори Кумита аз идомаи номусоидии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рўзона 20-25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, танҳо охири рӯз борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.