Интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳдуд шуд

Бузургтарин низомҳои пардохти Русия интиқоли пулро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳдуд карданд. Маҳдудияти интиқоли пул ба хотири кам намудани хавфи ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳо будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.  Бузургтарин низомҳои интиқоли пул дар Русия Western Union, "Золотая Корона" ва Contact  барои интиқоли пул аз Русия ба Чин ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон Қирғизистон ва Ветнам маҳдудият ворид намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Муҳоҷирони тоҷик барои интиқоли ҷасади Эсанов аз ФР пул ҷамъ мекунанд

“Аз 16 апрели соли равон маҳдудияти иловагӣ ба Чин, Гонконг, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ветнам ҷорӣ карда шудааст. Тибқи қоидаҳои нав ҳар нафар метавонад то 100 ҳазор рубл равон намояд. Ин маҳдудият иловагӣ маҳз ба ширкти Western Union рабт дошта, ба кам намудани хавфи ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳо равона шудааст. Дар ҳоли ҳозир маҳдудият ба муҳлати тӯлонӣ ворид карда шудааст ”, - гуфт масъулони низомҳои интиқоли пул.

"Золотая Корона" низ барои Қазоқистон ва Қирғизистон дар интиқолди пул маҳдудият ворид намудааст. Тибқи қоидаи ба Қазоқистон то 150 ҳазор рубл ва Қирғизистон то 100 ҳазор рубл метавон пул интиқол дод. Дар ҳамин ҳол, ин ширкат таъкид намудааст, ки ба Чин ва Ветнам метавон ҳамагӣ то 1550 доллар пул равон кард.  

Низоми пардохти Contact чунин маҳдудиятро низ ворид намудааст. Тибқи қоидаи ин ширкат акнун, ҳар нафар метавонад ба Қазоқистон ва Қирғизистон то 600 ҳазор рубл ё 20 ҳазор доллар равон намоянд. Маҳдудияти зерин аз 1 апрели соли равон ворид карда шудааст ва то 31 декабри соли равон амалӣ хоҳад шуд.

Муҳоҷирон дар соли 2019 ба Тоҷикистон 2 миллиарду 535 миллион доллар интиқол доданд

Дар соли 2018 аз Русия ба кишварҳои хориҷи дур шахсони веқеъӣ 34,56 миллиард доллар, аз ҷумла ба кишварҳои ИБМ 13,28 миллиард доллар интиқол додаанд. Маблағи миёнаи интиқоли пул ба кишварҳои хориҷӣ дур 177 доллар ва ба кишварҳои ИДМ 241 долларро ташкил медиҳад.

Тибқи омори расмӣ интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба ҷумҳурӣ дар  соли гузашта 2,6 миллиар долларро ташкил додааст.