Марг дар саҳна: мудел ба банди пойафзол печиду даргузашт-видео

Мудел зимни намоиши муд ба банди пойафзолаш пешпоӣ хӯрда, ба замин афтода даргузашт. Тамошобинон фоҷиаро пай набурда фикр карданд, ки ин давоми намоиш аст ва ба кумаки мудел нашитофтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар намоиши муд дар шаҳри Сан-Паолои Бразилия фоҷиа рух дод-ҷавони 26-сола зимни намоиши муд ба бандҳои пойавзолаш печида ба ҳалокат расид.

Талес Соарес дар доираи Ҳафтаи муд либосҳои навро намоиш медод.

Ӯ ба саҳна баромада, тасодуфан бандҳои пойафзолашро зер кард. Пасон ҷавон пешпоӣ хӯрда ба замин афтод. Тамошобинон фоҷиаро пай набурда фикр карданд, ки ин давоми намоиш аст ва ба мудел кумак накарданд.

Танҳо замоне, ки ҷавон ба ларзиш даромаду аз даҳонаш хаф баромад, намоишро боздоштанду пизишкон ба ёрии ӯ омаданд.

Баргузоркунандагони ҳафтаи муди - Sao Paulo Fashion Week – дар саҳифаашон дар Twitter, навиштаанд, ки вазъи Соарес пеш аз баромадан ба саҳна барои намоиши либоси бренди Ocksa, бад шуда буд. Пизишкон ҳам дар барнома буданд, вале натавонистанд ба ҷавон кумак кунанд.

Муделро ба бемористон бурданд, вале дар он ҷо танҳо марги ӯро тасдиқ карданд.