ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. IRS пеш аз зуҳри имрӯз бо нашри расмҳо аз раванди бартарафсозии куҳпорае, ки дар километри 156 фаромада, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод кардааст, изҳор дошт, ки феълан роҳ кушода мебошад.
Ин ширкат шаби 27 – уми апрел эълон карда буд, ки бинобар бориши пуршиддати барфу борон ва зиёд гардидани хавфи фаромадани харсангҳо дар мувофиқа бо БДА-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.
Ширкат муҳлати амали ин маҳдудиятро то соати 5 - и субҳи 28 апрел гуфта буд.
Маҳдудиятҳо дар ҳоле роҳандозӣ мешаванд, ки Тоҷикистонро борону барфрезии шадид фаро гирифтааст. Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номусоид дар кишвар то охири апрел боқӣ хоҳад монд.
Дар ҳамин ҳол IRS таъкид кардааст, ки ҳадафи муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт - таъмини бехатарии ронандагону мусофирон мебошад.
Аммо бархе аз шаҳрвандон масъулини ин ширкати роҳбонро муттаҳам мекунанд, ки роҳро "сари вақт аз сангреза тоза намекунанд".