Дастури Аҳмадзода ба зердастонаш барои таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд

Раиси вилояти Суғд раҳбарони ноҳияҳоро вазифадор кард, ки бо ҷавонон дидору мулоқот кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар вилояти Суғд, машварати кории раиси вилоят бо зердастонаш доир гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба таҷлили Рӯзи ҷавонон баррасӣ шуд. Дар ин бора равобити умумии мақомоти вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат бо роҳбарии президент аст, ки имрўз ҷавонон бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомўзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

"Раванди ҷаҳонишавӣ дар асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврас ва ҷавонон, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем", - таъкид кардааст раиси вилоят.

Аҳмадзода: дар ду-се рӯзи оянда кишти пахтаро дар Конибодом пурра ба анҷом расонед

Ӯ ёдовар шудааст, ки 22 сол инҷониб дар кишвар Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

"Дар асоси Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” дар радифи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ҷашн гирифтани ин сана, ки нишони таваҷҷўҳи хосаи раисҷумҳур ба насли ояндасоз маҳсуб мешавад, водор месозад, ки дар маҳалҳо низ барои таҷлили хотирмони ин санаи таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд,-илова намуд Раиси вилоят.

Ҳамин тавр, раиси вилоят бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон ба масъулин ҷиҳати ташкили силсилачорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани Фестивали дўстии ҷавонон дар деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дастур дод.

Ҳамчунин доир ба ташкили мусобиқаҳои варзишии дўстона байни кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонон ва наврасони синни тодаъватӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дар сатҳи баланд доир намудани вохўрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон ва дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маросими тантанавии ҷамъбастии таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.