Бунёди Оқохон ва Бонки ҷаҳонӣ мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистонро обод мекунанд

Дар назар аст, ки мақбараи Хоҷамашҳад, Қалъаи Ҳулбук, Чилучаҳорчашма ва Қалъаи Ямчун азнавсозӣ шаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарии ҳайати мазкурро ҷаноби Андрея Даллалио - сардори Департаменти бахши сармоягузорӣ ва иқтисодӣ дар уҳда дошта, ба ҳайат инчунин саркотиби бахши иҷро-танзимот хонум Татяна Сегал ва мутахассиси хурди бахши хусусии ниҳоди мазкур Раҳа Шаҳидсалесс шомил буданд.

Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз созишномаи нав бо Бунёди Оқохон ва супориш ба Худоёрзода

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар бахши сармоягузории соҳаи фарҳанг дар доираи лоиҳаи “Рушди аҳдофи устувори СММ” ва бартарафнамоии мушкилоти мавҷудаи ёдгориҳои таърихӣ баррасӣ шудааст.

"Дар ин дидор, ҳамкориҳои густурда дар самти таъмири иншоот ва мавзеъҳои маъруфи сайёҳӣ, андешидани тадбирҳо дар соҳаи сармоягузорӣ, ҷалби нерӯи кории ватанӣ дар раванди азнавтаъмиркунӣ ва истифодаи иқтидори сайёҳии иншоотҳои таърихӣ, дар ҳамкорӣ бо Бунёди Оғохон оид ба рушд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд",-омаддааст дар хабарнома.

Раиси ВМКБ дар бораи танқид, пинҳонкорӣ, кӯчи минтақаи озоди иқтисодӣ ба Хоруғ ва ёдгориҳо

Ҷонибҳо аз ҷумла азнавсозии мақбараи Хоҷамашҳад, Қалъаи Ҳулбук, Чилучаҳорчашма ва Қалъаи Ямчунро баррасӣ кардаанд.

Пештар ҳам,  Шамсиддин Орумбекзода, бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ободонӣ ва нигаҳдошти ёдгориҳои таърихии кишварро баррасӣ кардааст

Он замон, барои ободонии мавзеи табиӣ-бостонии “Чилучорчашма", ёдгории меъмории “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун масъалаи сохтмони меҳмонхонаҳо, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешниҳодҳо шуда буд.