Биё меравем: боздиди ройгон аз осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии музей, ки ҳар сол 18 май баргузор мешавад, ҳама осорхонаҳои Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Муассисаи  давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  18 майи соли равон  барномаи  анъанавии «Шабе дар Осорхона»-ро таҳти унвони «Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ: ояндаи анъанаҳо»  баргузор менамояд.

Иқдоми баргузории  барномаи   фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» бо мақсади  ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба  таъриху фарҳанги  мамлакат, боло бурдани  ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  равона гардидааст.

Бояд торихро донанд: имомхатибони масҷидҳо ба тамошои осорхона мераванд

Дар доираи ин барнома  ҳамчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ ба нақша гирифта шудаааст.

Бояд гуфт, ки барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал  дар Тоҷикистон  пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилали  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.