ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи рӯзи кории танги раисҷумҳури Русия гуфт: ӯ хоб намеравад, кор мекунад.
Рӯзноманигорон аз сухангӯи Кремл пурсиданд, ки "вақте Путин якбора аз Чита ба Владивосток ва аз он ҷо ба Чин парвоз мекунад, кай хоб меравад?".
"Вай Путин аст, хоб намеравад, кор мекунад", - гуфт Песков бо лабханд дар посух ба саволи онҳо.
Ӯ дар посух ба савол дар бораи мулоқоти Си Ҷинпин ва Путин гуфт, "сӯҳбатҳои онҳо доим пурмӯҳтавоянд".
Песков афзуд, сафари дурӯзаи Путин ба Чин самарабахш буд. Раисҷумҳур дар форуми "Як камаранд, як роҳ" иштирок кард ва дар ҳошияи он бо сарони чанд кишварҳо мулоқот кард.
Пештар дар ҳошияи ин нишаст раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид кард, ки мақсади мо аз рушди соҳаи нақлиёти-транзитӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни кишварҳоямон мебошад.
"Роҳҳои мошингарди шоҳроҳи "Чин — Тоҷикистон — Ӯзбекистон" ва "Чин — Тоҷикистон — Афғонистон" ба тарҳи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" ворид карда шавад. Мо ҳамчунин лоиҳаи роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон"-ро дастгирӣ мекунем ва ҷонибдори ба он ворид шудани кишварамон мебошем", - пешниҳод кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ба андешаи раисҷумҳур, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, рушди саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, саноати сабук ва хурока метавонанд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" бошанд.