Садамаи маргбор: дар роҳи Душанбе-Кӯлоб се "Опел-Астра" бархӯрданд

Дар натиҷа, як мусофир - зани 32-сола ба ҳалокат расида, ду ронанда маҷрӯҳ ва ба беморхона бистарӣ шудаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Рӯзи гузашта, 25 апрел дар пайи садамаи нохуши нақлиётӣ - бархӯрди се мошин дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб дастикам як нафар ба ҳалокат расида, ду кас маҷрӯҳ ва ба бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Хуҷанд ҳувияти зани дар садама ҳалокшударо муайян мекунанд

Бино бар иттилои манбаъ, тахминан соатҳои 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Қурбонов Сафаралии 35-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст.

Автомашинаи Сафаралӣ авал ба "Опел-Астра"-и дигар, таҳти идораи Раҳматов Аҳлиддин31-сола, сокини ноҳияи Данғара бархӯрда, баъдан боз ба як  "Опел-Астра", таҳти идораи Ҳафизов Абдуҷабори 26-сола, сокини деҳаи Баҳори ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. 

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Опел-Астра”"и дуввумӣ Гадоева Сафарбӣ Файзуллоевна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - менависад манбаъ.

Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра"-и дуввумӣ Раҳматов А.Д. ва ронандаи автомашинаи тамғаи "Апел-Астра"-и якум Қурбонов С.К. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.