"Зебо" дар Туркия ҳунарнамоӣ кард

Ансамбл дар фестивали байналмилалии наврасон дар Истамбул иштирок кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Бо дастгирии Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул, ансамбли бачагонаи рақсии "Зебо" барои иштирок дар фестивали байналмилалӣ ба Туркия рафт.

Дар ин бора, ба Sputnik Тоҷикистон аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Истамбул хабар доданд.

18-25 апрел дар Истамбул Фестивали байналмилалии фолклории наврасон баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро студияи бачагонаи ансамбли "Зебо" муаррифӣ намудааст.

"Ҳунарнамоии наврасони тоҷик дар Фестивал мароқи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб карда, сазовори диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи баландтарини чорабинӣ "Ситораҳои фестивал" гаштанд", -омадааст дар иттилои манбаъ".

23 апрели соли равон ба ифтихори ҷашни "Рӯзи кӯдакон ва соҳибихтиёрии миллӣ дар Туркия" наврасони тоҷик дар чорабинии фарҳангии шаҳри Истамбул ҳунарнамоӣ намуданд.

"Зебо" дар Туркия ҳунарнамоӣ кард

Мавриди зикр аст, ки дар  ин Фестивал наврасон аз 13 кишвар, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Украина, Озарбойҷон, Сербистон, Индонезия, Чин, Маҷористон, Кипри Шимолӣ ва Муғулистон иштирок намуданд.

"Зебо" дар Туркия ҳунарнамоӣ кард

Фестивали  мазкур аз соли 2005 то ин ҷониб бо мақсади тарғибу ташфиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии кишварҳо доир мегардад.

Фестивали байналмилалӣ аз се қисм- маросими ифтитоҳ, ҳунарнамоиҳои кишварҳои иштирокчӣ ва қисмати хотимавӣ иборат буд.

"Зебо" дар Туркия ҳунарнамоӣ кард