ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчуби ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили ҳамоиши байнламилалии “Як камарбанд, як роҳ”,-ро зарур донистаанд.
“Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи рушди робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин оид ба густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ табодули андеша карданд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, дар ҷараёни мулоқот ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - СASA-1000, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таваҷҷуҳи роҳбарони ду кишвар ба таҳкими муносиботи ҳамҷаворӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 500 километр аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки баъзан дар навоҳии наздимарзӣ танишҳо миёни шаҳрвандони ду кишвар рух медиҳанд.