Эмомалӣ Раҳмон бо президенти  Муғулистон Халтмаагийн Баттулга мулоқот намуд

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Зимни мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Дарёфти роҳҳои нав: сӯҳбати Раҳмон бо Алиев

Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз дошт.

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи ин робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.