Дастури Ёдгор Файзов ба раиси Шуғнон барои кумак ба занони хонашин

Занони хонашини ноҳияи Шуғнон аз ҳисоби фурӯши ҷӯробҳои бофтаашон рӯз мегузаронанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Дар деҳаи Шитами ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон занони хонашин дар як хонаи бадахшонӣ ба дузандагӣ, бофандагӣ ва эҳёи ҳунархҳои мардумӣ машғул мебошанд.

Дастури Ёдгор Файзов ба раиси Шуғнон барои кумак ба занони хонашин

Ба иттилои сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, раиси вилоят Ёдгор Файзов аз фаъолияти ин занон дидан кардааст.

Дар рафти дидору мулоқот бо занони ҳунарманд, раиси вилоят ба фаъолияти онҳо баҳои баланд додааст.

"Ёдгор Файзов ба роҳбарияти ноҳияи Шуғнон дастур дода, ки барои ташкили мағозаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ кумак намоянд",-омадааст дар хабарнома.

Занони соҳибкасб қайд намуданд, ки маоши моҳонаи онҳо аз хариди истеҳсолоти онҳо вабастагӣ дорад.

Пештар, кормандоне, ки дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми муносиб гузоштаанд, аз ҷониби раиси вилоят, бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.