ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Чин бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии "Як камарбанд, як роҳ" сурат гирифт.
"Дар мулоқот вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ ба раванди татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаи дарёфти роҳҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.