Чернобил: соатҳои аввал баъд аз садама дар акс

Sputnik

Таркиш дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил дар 26-уми апрели соли 1986 бадтарин фалокати нерӯгоҳи атомӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. 

Бар асари садама, ҳазорон нафар дар Украинаву Беларус ва вилоятҳои ҳаммарзи Русия ва ҳамин тавр, ҳазорон нафаре, ки аз саросари Иттиҳоди Шӯравӣ барои рафъи оқибаҳои фалокат сафарбар шуданд, заҳролуд шуданд.

Аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои рафъи оқибатҳои садама рафта буданд.

Як рӯз баъд аз садама ҳама сокинони шаҳри Припят ба минтақаи амн интиқол дода шуданд, баъдан аҳолии манотиқи даҳ километр дур аз Чернобилро кӯчониданд. Солҳои баъдӣ ҳукумати Шӯравӣ мардумеро, ки дар 30-километрии нерӯгоҳ мезистанд, ба дигар манотиқ интиқол дод.

Ёдрас мешавем, ки барои бартараф намудани оқибатҳои таркиш дар Чернобил беш аз 600 ҳазор нафар аз тамоми кишварҳои собиу Иттиҳоди Шуравӣ ҷалб карда шуда буд.

Sputnik Тоҷикистон аксҳои таърихиеро, ки дар соатҳои аввал баъд аз садама аксбардорӣ шудааст пешкаши тамошобинон мегузорад.

1 / 18
Чархбол ба бартараф намудани оқибати садамаи нерӯгоҳи атомӣ Чернобил машғул аст
2 / 18
Нафароне, ки барои рафъи оқибаҳои фалокат расиданд, омодагӣ мегиранд болои боми реактор атомии Чернобил бароянд
3 / 18
Низомиён ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои садама ба сохтмони майдони чархбол машғул ҳастанд
4 / 18
Мутахассисони соҳаи атомӣ барои бартараф намудани оқибати садама ба сӯи нерӯгоҳи атомии Чернобил равон ҳастанд
5 / 18
Харобиҳо дар реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил
6 / 18
Рафъи оқибаҳои садама дар Чернобил
7 / 18
7. Кормандони алоқа дар наздикии реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 садама рух дод. Дар акс Е. Антонюк, Г. Козлова, И. Балашова, Т. Сергиенко, Л. Бердикова.
8 / 18
Рафъи оқибаҳои садама дар Чернобил, ки 26 апрели соли 1986 рух дод
9 / 18
Поккории худрави Волга, ки минтақаи садамаро тарк мекунад
10 / 18
Роҳбари парвозҳо майор А. Бабич
11 / 18
Мутахассисон дар рафъи оқибаҳои садама нерӯгоҳи атомии Чернобил
12 / 18
Кор дар минтақаи нерӯгоҳи атомии Чернобил баъд аз садама
13 / 18
Бознишастаи совхози Майдановский Мария Остринская, ки дар хонаи худ оиларо аз деҳаи Машеви ноҳияи Чернобил қабул кардааст
14 / 18
Чархбол болои сатҳи радиатсияро болои реактори чаҳоруми нерӯгоҳи Чернобил месанҷад
15 / 18
Гурӯҳи капитан В. Боборов, ки дар шаҳри Припят сатҳи радиатсяро месанҷид
16 / 18
26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил садама рӯх дод
17 / 18
Техникаи низомӣ, ки дар минтақаи садамаи Чернобил истифода мешуд, дар ҷои маъхсус поккорӣ мешавад
18 / 18
Аъзои гурӯҳе, ки барои рафъи оқибаҳои фалокат омадаанд, ба ҷои ҳодиса мераванд