Ҳукми сарбозе, ки бо силоҳ аз дидбонгоҳ гурехт

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе сарбоз Эгам Холматовро, ки аввали соли равон аз постгоҳ бо силоҳ фирор кардааст, ба 2 соли зиндон маҳкум намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи низомӣ,  Холматов 16-уми майи соли 2018 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, ба қисми Гвардияи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сафарбар гардидааст.

Супориши қатли Ятимов, таркондани ВУД ва хонасӯзии Муҳиддинов: пешгирии террор дар Душанбе

Манбаъ афзуд, ки Холматов 24 январи соли 2019  бо фармони командири қисми ҳарбӣ ба навбатдорӣ таъин шуда,  нисфи шаби 25-уми январ бо автомати “АК-74” ва ду адад тирдони ҳомили 60 тир аз дидбонгоҳ гурехтааст.

“Ӯ зимни иҷрои вазифаҳои хизматиаш рӯзи 25-уми январи соли 2019 соати 00:30 бархилофи талаботи моддаи 175 Оинномаи хизмати гарнизони ва қаровулии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, постро бе ягон асос бо силоҳи оташфишонии мазкур тарк намуда, ба самти номаълум фирор намудааст”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Хоби абад мехоҳам: мудири "Жасмин" дар Душанбе барои қарз аз "Эсхата" 36 димедрол хӯрд

Манбаъ афзуд, ки 25-уми январи соли 2019 соати 07-30 дақиқа Холматов бо силоҳ ва 60-дона тир аз ҷониби корманди Раёсати разведкаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастгир гардида, ба қисми ҳарбӣ баргардонида шуд.

Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Эгам Холматовро ба ду соли зиндон маҳкум карда, зикр намудааст, ки ӯ имкон дорад, аз болои ҳукм давоми даҳ шабонарӯз ба додгоҳи марҳилаи болоӣ шикоят барад.