“Ҷанг”-и барфу гул дар деҳаҳои Суғд - АКС

Рӯзи 24- уми апрел боришоти барф аз кӯҳҳо ба водиҳо расид ва гулу муғҷаҳои навшукуфтаи дарахтони зардолу ва себу ноку гелосро дар чанде аз деҳаҳои Суғд пушонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Сокинони рустониши ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд мегуянд, боришоти барф боми биноҳоро сафед кард ва гулу барги дарахтонро пӯшонд.

“Ҷанг”-и барфу гул дар деҳаҳои Суғд - АКС

Сокинони деҳаҳои Худгиф дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Угуку Овчии Деваштич гуфтанд, ки ҳоло мавсими шукуфоӣ ва баргкушоии дарахтон буд, аммо резиши барф ба ҷараёни  гулкунӣ ниҳолҳо таъсир расонд.  

"Дар паи боришоти борони зиёд, ҳаво сард шуд. Туман шуду барф борид. Ҳоло ҳам боми хонаҳоу ниҳоли дарахтонро барф сафед кард", - мегуянд, як сокини деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич.

“Ҷанг”-и барфу гул дар деҳаҳои Суғд - АКС

Ҳарорати ҳаво дар ин рустоҳои Суғд, назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон то як моҳ дертар гарм мешавад ва асосан дарахтони ин минтақаҳо дар моҳи апрел ва ибтидои моҳи май гул мекушоянду барг сабз мекунанд. Аммо боришоти барф дар рӯзи 24 - уми апрел гули дарахтонро аз шукуфтан боз дошт.

Ҳоло бо сабаби боришоти пайдарпаи борон дар бисёре аз  рустоҳои Суғд, ҳанӯз кишти зироатҳо оғоз нашудааст. Ва сокинон мегуянд, назар ба соли гузашта барои кишти зироатҳо як моҳ дер шудааст.  

Мардумони рустоҳои Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ мегуянд, агар чанде  барф резиши худро дар моҳи апрели фасли баҳор нишон дод, аммо ҳарорат ба мисли моҳҳои январ ва феврали зимистон сахт хунук нест ва умедворанд, ки гулу муғҷаҳои дарахтон аз барф ба зудӣ раҳо меёбанд.