Супориши қатли Ятимов, таркондани ВУД ва хонасӯзии Муҳиддинов: пешгирии террор дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси “Абу Усомаи Норакӣ” ба Орзу Сайдалиеви 23-сола супориш додааст, ки Ятимов Сайфулло, мақомдор аз ноҳияи Фархорро кушад, ба бинои ВКД дар Душанбе ҳамла кунаду хонаю мошини соҳибкори маъруф Диловар Муҳиддиновро оташ занад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи равон Орзу Сайдалиев, сокини 23-солаи деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархорро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Хоби абад мехоҳам: мудири "Жасмин" дар Душанбе барои қарз аз "Эсхата" 36 димедрол хӯрд

Ба итилои манбаъ,  Орзу Сайдалиев моҳи апрели соли 2018, ҳангоми муҳоҷират дар Қазоқистон тариқи шабака ва барномаҳои интернетии “Одноклассники”, “Вайбер”, “Имо”, “Вотсапп”, “Телеграмм”, “Конверсейшин” ва “Инстаграмм” бо аъзоён ва ҷангиёни созмони террористии “ДОИШ” иртибот барқарор карда, худашро бо номҳои “Муҳоҷир”, “Абу Муҳоҷир” сабт кардааст.

Додгоҳ мегӯяд, Сайдалиев охирҳои  моҳи  августи  соли 2018 ба Тоҷикистон баргашта, аз аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 бо тавсияи “Зейд” бо узви фаъоли созмони экстремистӣ-террористии “ДОИШ”,  Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси “Абу Усомаи Норакӣ” алоқа барқарор кардааст. Худи Назаров Тоҷиддин феълан мавриди пайгард қарор дорад.

Манбаъ афзуд, ки Сайдаллиев бо роҳнамоии Назаров ба Абубакри бағдодӣ “байъат” карда, ваъда додааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон тамоми супоришҳои ӯро иҷро мекунад.

КҲФ 60 ҳазор сокинонро аз рустоҳои осебпазир ба маконҳои амн кӯчонд

Тибқи иттилои додгоҳ, Сайдалиев моҳи сентябри соли 2018, аз Назаров Тоҷиддин, бо тахаллуси “Абу Усомаи Норакӣ” супориш гирифтааст, ки барои халалдор сохтани амнияти ҷаъмиятӣ, тарсонидани аҳолӣ раиси маҳалаи деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор, Ятимов Сайфулло Сатторовичро кушта, дар ягон ҷо гӯронад. Ятимов Сайфулло Сатторович аз наздикони Ятимов Саймуъмин Сатторович, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Инчунин “Абу Усомаи Норакӣ” авалҳои моҳи ноябри соли 2018, ба Сайдаллиев супориш додааст, ки суроғаи зисти  Муҳиддинов Диловар Абдулоевич, сокини ноҳияи Фархор ҷамоати деҳоти Ғайрат деҳаи Фозилонро муайян ва хонаю мошинашро оташ занад.

Ба иттилои додгоҳ, Сайдалиев бо мақсади иҷрои ин супориш, бо воситаи телефони мобилӣ манзили истиқоматиро расм гирифта, бо воситаи шабакаи интернетӣ онро ба суроғаи Назаров равон намуда, барои иҷрои тарҳи ҷиноӣ супоришҳои минбаъдаро мунтазир шудааст. Диловар Муҳиддинов, аз соҳибкорони муваффақи зодаи Фархор мебошад, ки хонаводааш дар Русия ва Тоҷикистон тиҷоратҳо дорад.

Дар мавриди Сайдалиев додгоҳи Душанбе инчунин иттилоъ дод, ки ӯ моҳи декабри соли 2018, аз Назаров Тоҷиддин дастур гирифтааст, ки ба бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо норинҷак ва силоҳи оташфишони “Калашников” ҳамла кунаду “ҷиҳод”-и ҷониро ба ҷо орад.

“Муҳофизи шаҳри Палмир” дар Душанбе маҳбасӣ шуд

Манбаъ афзуд,  Сайдалиев барои иҷрои ин супориши Назаров омода будани худро иброз дошта, 19-уми декабри соли 2018 ба шаҳри Душанбе омадааст.

Тибқи  маслиҳати  пешакӣ бо Назаров, ӯ бояд рӯзи 20 декабри соли 2018 телефони мобилӣ ва 200 долларро барои иҷораи хона гирифта, аз ҷои таъиннамудаи Назаров автомати Калашников  ва якчанд  адад  норинчакро мегирифту бо мақсади ноором сохтани вазъ ба бинои ВУД Тоҷикистон ҳамла мкекард.

“Таърихи 20 декабри соли 2018 ҳангоми аз ҷои таъинкардаи Назаров Т.М., яъне соҳили дарёи “Душанбе” гирифтани  телефони мобилӣ ва 200 доллари ИМА Сайдалиев О.И. аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, новобаста аз иродааш мақсади худро амалӣ карда натавонист”, - омадааст дар иттилоияи додгоҳи Душанбе.

Додгоҳ дар пайи баррасии парванда Сайдалиев Орзу Исуфовичро ба 20  соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Феълан назари худи маҳкумшуда ё вакили дифояш дар бораи ин қазия ва ҳукм маълум нест.