Шарҳи ВУД дар бораи таркиш дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шарҳ дод, ки шаби 24 апрел, соати тақрибан 21:00 дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе таркиш шуд. ВУД ин таркишро хурд ва ҳодисаи нохуши табиӣ номид.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазоратиу мури дохилаи Тоҷикистон дирӯз, тахминан соати 21:00-дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтах дар натиҷаи боришоти зиёди борон яке аз чоҳҳои амудӣ (калодетс) пур аз об шуда,  ба ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд об расида, расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба  амал   омад, ки он сабаби ба вуқӯъ пайвастани  садамаи хурд  гардид.

Манбаъ таъхкид намудааст, ки дар натиҷа наздики 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон ҷароҳат набардоштаанд.

Фаврӣ: як кушта ва ду захмӣ дар пайи таркиш дар корхонаи нафт дар Суғд

ВУд қайд намудааст, ки айни ҳол аз ҷониби мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанбе корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки субҳи дирӯз зиёд  дар ноҳияи Файзобод гуруҳи тақрибан шашнафарии подабонҳоро селоб бурдааст, ки дар натиҷа ду нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Тавре сокинони деҳаи Сайдонии ноҳияи Файзобод хабар доданд, аз ин гуруҳ 2 нафар ба ҳалокат расида, боқимонда наҷот ёфтаанд.

“Онҳо хостаанд, чорвои худро аз дара гузаронанд, ки сел якбора меояд ва онҳоро мебарад”, - изҳор дошт мусоҳиби Sputnik аз ноҳияи Файзобод.

Манбаъ аз қурбониҳои сел Саид Бекзода, сокини миёнасол ва Саидҷаъфари наврас, хонандаи синфи 7-и мактаби миёна ном бурд. Ӯ афзуд, ки Саид талош кардааст, Саидҷаъфари наврасро аз селоб берун орад, аммо ҳардуяшон дар селоб дармондаанд.

“Феълан ҷасади Саид Бекзода пайдо карда шуда, кофтукоби ҷасади Саидҷаъфари наврас ҳанӯз идома дорад”, - иттилоъ дод мусоҳиб.