Раҳмон дар Чин аввал бо Мирзиёев мулоқот кард

Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Узбакистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Чин бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард. Ин аввалин гузориши дафтари матбуоти президент аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳо дар Чин аст.

Манбаъ, мулоқотро гарму самимӣ арзёбӣ намуда,навиштааст, ки  маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.

"Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Узбакистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардем", - тавзеҳ додааст дафтари матбуоти президент.

Сипоси Мирзиёев аз санъаткорони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии бахшиҳо

Дар ҷараёни мулоқот татбиқи санадҳои нави ба имзорасида ва фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ махсус зикр карда шуд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар ба 62 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Пешниҳод гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои нек корҳо дар самти диверсификатсияи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ва фаъолгардонии тиҷорат идома дода шаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми гардиши мол ба 500 миллион доллари америкоӣ расад.

Зимни мулоқот оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, амалӣ кардани барномаҳо оид ба сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар ҳудуди ҳар ду кишвар, инчунин ҷиҳати тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла баргузор кардани “Рӯзҳои фарҳанг” дар кишварҳо, таъмини шароити созгор барои рафтуомади шаҳрвандон, табодули андеша сурат гирифт.