Оғози маъракаи “Лентаи георгӣ – 2019” дар Маскав

Дар арафаи Рӯзи Ғалаба ихтиёриёни хабаргузории байналмилалии “Россия сегодня” ба тақсими лентаҳо, ё худ наворҳои георгӣ ба роҳгузарон оғоз карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр – Sputnik. Маъракаи “Лентаи георгӣ”, ки ҳамасола баргузор мешавад, дар Маскав оғоз гардид.

Путин: нақша дорем дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунем

Ихтиёриён ба тақсими лентаҳои георгӣ – наворҳо бо рахҳои сиёҳу норинҷӣ барои роҳгузарон оғоз намуданд. Ин маърака дар назди дафтари Ожонси иттилоотии байналмилалии “Россия сегодня” оғоз шуд, аз ҷое, ки соли 2005 ин анъана сарчашма гирифта буд.

Дар назар аст, ки маъракаи мазкур давоми ду ҳафтаи оянда тамоми манотиқи Русия ва беш аз 90 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад. Ҳадафи ин иқдом поси хотири онҳое мебошад, ки барои Ғалаба хидмат карданд.

Маъракаи “Лентаи георгӣ – 2019” бо як нишасти хабарӣ бо иштироки мудири кулли “Россия сегодня” Дмитрий Кисислёв, ноиби мудири маркази “Роспатриотцентр” Дмитрий Блужин, роҳбари Ожонси Русия дар умури ҷавонон Александр Бугаев, роҳбари созмони ҷамъиятии "Волонтеры Победы" Олга Амелченкова ва ҳунарманди маъруф Егор Бероев оғоз шуд.

Симонян ба вакилони парлумони Русия пешниҳод кард, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд

Дмитрий Киселёв дар нишаст изҳор дошт, ки ин маърака дар ҳудуди хабаргузорӣ оғоз гардида, ҷаҳонӣ шудааст.

“Лентаи георгӣ ба рамзи интиқоли арзишҳои инсонӣ аз як насл ба насли дигар табдил ёфтааст. Умед дорам, ҳар нафар он нерӯ ва иродаеро, ки ба гузаштагон барои пирӯзӣ бар душман кумак карданд, эҳсос хоҳад кард. Мо минбаъд низ талош мекунем, он арзишҳои маънавию ҳадафҳоеро, ки ба аҷдодамон дар ғалаба бар зулми ҷаҳонӣ кумак карданд, ба наслҳои оянда расонем”, - изҳор дошт мудири кулли “Россия сегодня”.

Оғози маърака дар ҳолест, ки 9 май бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ пирӯзӣ бар Олмони фашистиро дар ҶБВ таҷлил мекунанд.