Обуҳавошиносон: боронгарӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон идома меёбад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар  шаҳри Душанбе  абрнок шуда,  борон меборад.  Ҳаво  шабона 7-9 ва рӯзона 12-14   дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво абрнок шуда борон меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо борони  шиддатнок  борида, раъду  барқ ба амал меояд. Имрӯз боридани  жола низ дар назар аст. Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр барф меборад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 5-10 ва рўзона 10-15  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад.

Борон: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят борони шиддатнок  меборад. Дар  шарқи вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6  ва  рӯзона 10-15  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона  4-9 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар   баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр  барф  меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  ва  рӯзона  2-7  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду  барқ ба амал меояд.  Дар  баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр  барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7  ва   рӯзона 6-11   дараҷа гарм  мешавад.